Муовини якуми вазири хориҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Неъматов рӯзи ҷумъа тайи як нишасти хабарӣ гуфт, ки кишвараш бо Тоҷикистон 17 посгоҳи марзиро ба рӯи шаҳрвандони ду кишвар боз намудааст. Ба гуфтаи Илҳом Туйчиевич ҳанӯз гуфтушуниду музокираҳо бо Тоҷикистон идома доранд.

— Интизор меравад, ки дар зудтарин фурсат гузаргоҳи ҳаждаҳуми байни Ӯзбекистону Тоҷикистон боз гардад ва равуои мусофирон ба ду самти марз беш аз пеш содатар шавад, — изҳор кард Илҳом Неъматов.

Хабарнигори “Фараж” аз муовини аввали вазири хориҷаи Ӯзбекистон  пурсид, ки барои боз шудани гузаргоҳи Сӯх – Риштони вилояти Фарғона кадом монеаҳо мавҷуданд.

— Мо бо ҷониби Қирғизистон перомуни масъалаҳои зиёд гуфтушунид кардаему аксари ин масъалаҳо ҳалли худро ёфтаанд, аммо дар мавриди кушодани гузаргоҳи Сӯх-Риштон ҳаминро гуфта метавонам, ки ин ҳаргиз ҷанбаи сиёсӣ надорад. Барои кушодани ин гузаргоҳ  ба созмони иқтисодии АвруОсиё пайваст будани Қирғизистон халал эҷод намудааст аст ва тибқи баъзе тартибу низоми ин созмон Қирғизистон наметавонад ин роҳро ба рӯи мардуми мо боз кунад, — посух дод Илҳом Неъматов.

Муовини аввали вазири хориҷаи Ӯзбекистон афзуд, ин масъалаи доғи онҳост ва дар рӯзномаи гуфтушунидҳои ҳайатҳои байни ду кишвар ҳамеша ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад. Тавре Илҳом Неъматов тазаккур дод, маълум шуд, ки барои убуру мурури мардуми ноҳияи Сӯх аз тариқи гузаргоҳи Риштон-Сӯх, ки тавассути марзи Қирғизистон сурат мегирад, баъзе омилҳои иқтисодиву тиҷоратӣ мавҷуданд.

Ин ба тартибу низоме бастагӣ доштааст, ки созмони иқтисодии АвруОсиё барои ҳар як узви он муқаррар кардааст ва Қирғизистон ҳам аз ҳамин шумор мебошад.

— Ба наздикӣ дар  Фарғона мулоқоти роҳбарони маъмурии се вилояти мо ва вилоятҳои Ҷалолобод, Ӯш ва Боткенти Қирғизистон баргузор мегардад, ки таҳти раёсати нахуствазирони ду кишвари ҳамҷавор ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Мо низ барои пайвастан ба созмони иқтисодии АвруОсиё мавзуъро таҳти омӯзиш қарор додаем. Ин масъала зимни паёми Президент Шавкат Мирзиёев ба парлумони кишвар низ баррасӣ шуд. Фикр мекунам, ки ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад ва мушкилоти мардуми зиёд ҳангоми равуо аз тариқи хоки Қирғизистон осон мегардад, — изҳор дошт Илҳом Неъматов.

Муовини якуми вазири хориҷаи Ӯзбекистон дар мавриди сафари Шавкат Мирзиёев ба Русия ва дидору мулоқотҳои ӯ бо Путин гуфт, ки барои анҷоми ин сафар масъалаҳои зиёде мавҷуданд, ки бояд мавриди тадқиқ қарор гиранд, гузашта аз ин, барои ин гуфтушунид бояд санадҳои зиёд омода гарданд.

Илҳом Неъматов перомуни он ки ба Ӯзбекистон намояндагони мақомоти баландпояи ИМА низ омадаву бо Шавкат Мирзиёев вориди гуфтугӯ шуданд, иброз дошт, ки ҳамкории Ӯзбекистон бо ягон кишвари хориҷӣ наметавонад онро бо кишвари дигар дар ихтилоф қарор диҳад.

— Ӯзбекистон бо кишварҳои абарқудрати ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва иқтисодиву молиявӣ ҳамкорӣ мекунад. Мо талош ба харҷ медиҳем, ки маҳсулоти худро ба бозорҳои ҷаҳон барорему фурӯшем ва маҳсулоти қобили эҳтиёҷамонро ворид кунем. Анҷоми ин гуна иқдомот наметавонад, ки дӯстиву рафоқати моро бо кишвари дигар зери суол барад, — гуфт Илҳом Неъматов.

Ба таъкиди муовини аввали вазири хориҷаи Ӯзбекистон бо ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев ҳамаи яхҳо об шуданд. Вай изофа намуд, ки ба таври мисол, табодули моли миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон дар ин се соли охир шаш маротиба афзуд. Бо Қирғизистону Қазоқистон низ ҳаҷми табодули мол чанд маротиба афзоиш ёфт.

— Касе дар ёд надошт, ки тайи солҳои зиёд мақомоти олии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо ҳам вохӯранду мулоқот кунанд. Ин кор бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ба вуқӯъ пайваст ва панҷ сарвари давлат дар Тошканд гирди мизи гуфтугӯ нишастанд ва қатъномаи муштарак имзо карданд. Мо бо Русияву Чин, ИМА ва Ҷопон, Ҳиндустону Покистон, мамолики Аврупо ва кишварҳои арабӣ санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидаем ва додугирифт мекунем. Ин барои пешрафту тараққиёт омили хеле муҳим мебошад, — зикр кард Илҳом Неъматов.

Мувофиқи изҳороти ин мақоми баландпояи Ӯзбекистон ба роҳ мондани дипломатияи иқтисодӣ барои ҳамаи кишварҳо манфиат меорад. Вай гуфт, Ӯзбекистон бар ин аст, ки вуруди теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба кишвараш беш аз пеш афзоиш ёбад. Барои ин дарвозаҳои он ба рӯи сайёҳони олам боз мебошад.

— Ӯзбекистон дар соли 2020 раёсати умумии ИДМ-ро ба дӯш дорад. Мо барои он талош мекунем, ки ба робитаҳои иқтисодӣ бештар тамаркуз диҳем ва ҳамкориҳоямонро дар ин замина равнақ бахшем, — гуфт Илҳом Неъматов.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here