Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар як мулоқоти намояндаи  доимии ин кишвар дар шӯъбаи СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ Улуғбек Лапасов бо Директори генералии Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ Роберто Азаведо дар шаҳри Женева дидору гуфтугӯ кард.

Онҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Ӯзбекистон ва СТҶ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, ба ҷаноби Азаведо Қатъномаи ҷадиди низоми тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим гардид, ки гуфтушуниди расмии Ӯзбекистон барои шомил шудани он ба Созмони тиҷорати ҷаҳониро ҳусни оғоз бахшид.

Бино ба гуфтаи Роберто Азаведо дар 15 соли охир бори аввал аст, ки Ӯзбекистон ҳуҷҷати расмиро барои пешниҳод ба кишварҳои узви СТҶ таҳия намудааст. Он метавонад барои гуфтушуниди расмии ин кишвар бо СТҶ ҳамчун асос хизмат намояд.

Роберто Азаведо фаъолшавии раванди пайвастани Ӯзбекистон ба СҶТ-ро фоли нек хонда, қайд кардааст, ислоҳоти доманфарохе, ки дар ин кишвар таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев пиёда мешавад, омили калидии робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии хориҷии он, ҳамчунин ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқист, ки ба қоидаҳои шартномаи созмони мазкур мумувофиқат мекунад.

Директори генералии СТҶ Роберто Азаведо итминон додааст, ки намояндагони котибияти  созмон дар ин раванд ба Ӯзбекистон кумакҳои амалии худро хоҳанд расонд ва дар баргузор намудани нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ аз рӯи пайвастани Ӯзбекистон ба СҶТ дар соли равон мусоидат хоҳанд кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори махсуси “Фараж”.

Шаҳри Тошканд.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here