Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавии рӯзи қабули Конститутсия гуфт, ки дар ин кишвар таваҷҷӯҳи асосӣ ба таъмини устувории қонун, ривоҷёбии равандҳои демократӣ, сиёсати кушодарӯӣ ва ошкоро гуфтан нигаронида шудааст. Ӯ таъкид кард, ки ба ақиб роҳ нест.

Шавкат Мирзиёев роҷеъ ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма таваққуф намуд ва гуфт, ки дар Ӯзбекистон воситаҳои ахбор дар таъмини қонун бояд ба оинаи ҷомеа табдил ёбанд.

— Ислоҳот дар мавриди таъмини озодии баён дар се соли ахир дар ҳаёти ҷомеа тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард. Бо вуҷуди он ки мо инро ҳис намекунем, ҷомеа тағйир ёфтааст, озодии баён ҳам вуҷуд дорад. Тасаввур кунед, ки оё се сол муқаддам касе масъалаҳои зиёдро ба воситаи симо баён карда метавонист? Оё метавонист чунин саволҳо диҳад?  Ҳама, мисли он ки намедонанд, дар давоми сӣ сол ва се сол дар дигаргуниҳои рухдода чӣ қадар фарқ аст. Чаро? Зеро худамон тағйир меёбем, дарду талаби одамон тағйир меёбад. Бори дигар таъкид мекунам, ки дар радифи ин дигаргуниҳо фарҳанг ва илм низ хеле заруранд, — изҳор кард Шавкат Мирзиёев.

Дар идома Президенти Ӯзбекистон гуфт, ки имрӯз нерӯи асосиро намояндагони воситаҳои ахбори мустақил ва холис ташкил мекунанд, ки дар миёни мардум гаштугузор намуда, мушкилиҳои иҷтимоие, ки онҳоро азият медиҳад, ошкор кардаву нишон медиҳанд. Дар натиҷаи ислоҳоти демократӣ воситаҳои ахбори умум  ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз шахсони мансабдор тақозо мекунанд, ки кори худро дар асоси қонун дуруст ташкил кунанд.

— Аслан, дар ҷомеаи демократӣ ҳамаи хизматчиёни давлатӣ бояд бо воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ карданро омӯзанд. Наомӯзанд, фардо ислоҳотамон амалӣ намешаванд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Тавре ки сарвари давлати Ӯзбекистон зикр намуд, назорати иҷтимоӣ, воситаҳои ахбори омма низ бояд барои амалӣ намудани як мақсад – розӣ кардани мардум, кӯшиш кунанд.

— Танқид, албатта, зарур аст. Ҳамаи мо дар ҷустуҷӯ, омӯзиш қарор дорем, бо ҳам Ӯзбекистони навро бунёд мекунем. Роҳамон, фикрамон тавъам бошанд, натиҷа низ комилан дигар хоҳад шуд, — гуфт Шавкат Мирзиёев ва афзуд: — Дар Ӯзбекистон ба назорати ҷомеа ва ҳуқуқи қонунии вакилони воситаҳои ахбори омма дар ягон шакл ба фишороварӣ роҳ дода намешавад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here