Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баъди танаффуси тӯлонӣ эълон кард, шаҳрвандони кишвар метавонанд, ки маросимҳои хурсандии худро дар тӯйхонаву тарабхонаҳо баргузор кунанд.

Тавре узви Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавируси назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ботир Қурбонов тайи як брифинг иброз дошт, дар ин маросимҳо танҳо наздикони соҳибтӯй ширкат кардан метавонанд.

— Ба маросимҳо  даъват кардани хешовандону меҳмонон аз шаҳру деҳи дигар низ қобили қабул намебошад, — гуфт Ботир Қурбонов.

Ба таъкиди ӯ дар ин маросимҳо чун тартиботи ҷоришудаи муқаддамотӣ ҳудуди 30 нафар ҳақи ширкат карданро доранд.

Маълум шуд, ки ин маросимҳо дар толорҳои кӯчаки тарабхонаҳо баргузор карда хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, ки ҳаҷми гунҷоиши ин толорҳои кучак то 50-70 нафарро ташкил мекунад.

Мувофиқи маълумоти Ситоди мубориза бо коронавируси Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар ин шабонарӯз теъдоди ба коронавирус сироятшудагон аз шасту шаш ҳазор нафарро гузаштааст. Аз ин шумор наздики шасту севунимҳазори беморон бо талошҳои пизишкону мутахассисони ин соҳа саломатии худро барқарор карда, ба хонаҳои худ баргаштаанд.

Ба гуфтаи мутахассисон то кунун вазъи эпидемиологӣ дар саросари Ҷумҳурии Ӯзбекистон  нигаронкунанда боқӣ мондааст. Барои ҳамин тартиби ҷоришудаи карантин ҳаргиз лағв нахоҳад шуд ва ҳар шаҳрванди Ӯзбекистон бояд онро чун пештара риоя кунад.

Дар ин рӯзҳо сокинон ва меҳмонони шаҳри Тошканд ҳангоми саворшавӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ аз ниқоб истифода мекунанд. Кормандони нақлиёт ба ҳар нафаре, ки вориди нақлиёти ҷамъятӣ мешавад, дастпӯши махсуси тиббӣ медиҳанд.

Мардум ниқобҳоро аз фурӯшандагон мехаранд, вале дастпӯшҳои тиббии плостикӣ ба онҳо ройгон тақсим карда мешаванд.

Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти шаҳрдории Тошканд аз ифлосшавии истгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ибрози ташвиш мекунанд. Гуфта мешавад, мусофирон баъди расидан ба манзил аз мусофирбар пойин шуда, дастпӯшҳои тиббии плостикиро ба ҳар ҷойи ростомада мепартоянд, ки ин вазъияти экологии шаҳрро хароб мекунад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here