Дар шаҳри Тошканд мулоқоти нахустини гурӯҳи сеҷонибаи кории сохтмони роҳи оҳани “Мазори Шариф-Кобул-Пешовар”  баргузор шуд. Дар он намояндагони ҳукуматии се кишвар — Ӯзбекистон, Афғонистон ва Покистон ширкат карданд. Дар ин мулоқот ширкати вакилони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва коршиносону намояндагони корпусҳои дипломатӣ низ бевосита ва аз тариқи онлайн таъмин гардид.

Ноиби нахуствазири Ӯзбекистон дар масъалаҳои сармоя ва робитаҳои берунаи иқтисодӣ Сардор Умурзоқов гуфт, ки 2 феврал барои се кишвар ҳамчун рӯзи таърихӣ дониста хоҳад шуд. Вай афзуд, ки ин ташаббуси наҷибро ҳатто қадами инқилобӣ метавон шумурд, зеро лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Мазори Шариф-Кобул-Пешовар барои мардуми Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ хеле муҳим мебошад.

— Татбиқи ин лоиҳа, хоса барои Ӯзбекистон аҳамияти калонро молик аст. Гузашта аз ин, орзуи мардуми се кишвари дӯсту бародар — Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистонро татбиқи лоиҳаи мазкур бароварда хоҳад сохт. Сохтмони роҳи оҳани Мазори Шариф-Кобул-Пешовар муддати интиқоли молу маводро то ба 15-16 рӯз коҳиш хоҳад дод, — гуфт Сардор Умурзоқов.

— Татбиқи лоиҳаи мазкур барои ривоҷу равнақи иқтисоди Афғонистон хеле мусоидат хоҳад кард. Лозим аст, ки ин лоиҳаро мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунем. Барои ин аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ хеле сипосгузорӣ мекунем. Маҳз ба шарофати кумакҳои молии ин созмонҳо чунин лоиҳаи бузург таҳти иҷро қарор дода мешавад, — изҳор кард вазири хориҷаи Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар.

— Татбиқи ин лоиҳа барои рушду ривоҷи ҳамкориҳои тиҷоратии миёни Покистон бо Афғонистону Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард. Амалӣ намудани он аз ҳарсе кишвар шуҷоату бурдборӣ тақозо мекунад, зеро иҷрои он, ки дар ивази маблағҳои калон сурат мегирад, басо мушкил хоҳад буд, — гуфт мушовири нахуствазири Покистон Абдул Раззоқ Довуд.

Дар поёни мулоқоти нахустин “Харитаи роҳ” имзо гардид, ки саъй ва ҳаракатҳои се тарафро барои амалӣ кардани лоҳаи мазкур равшану возеҳ муайян кардааст. Гуфта шуд, ки роҳи оҳани Мазори Шариф-Кобул-Пешовар” барои мардуми соири кишварҳои  Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ ҷиҳати интиқоли молу мавод сабукиҳои зиёд хоҳад бахшид.

Вазири хориҷаи Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар тайи як суҳбати кӯтоҳ ба мухбири “Фараж” гуфт, ки ин лоиҳа муваффақиятҳои бузурги мардуми се кишвари минтақа мебошад.

— Медонед, мо як тамаддуни бузургу муштарак низ дорем, ки ҳамеша моро ба ҳам васл мекунад, вале дар ин заминаи имзои “Харитаи роҳ” моро лозим меояд, ки ҳамкориҳои минтақавии худро низ беҳбуд бахшем ва тавсеа диҳем. Ман тасомими мақомоти раҳбарии се кишварро дар ин маврид хеле фоли нек мешуморам. Зимнан таъкид меварзам, ки бо кумак ва ибтикори кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон мо як гоми бузургеро барои иҷрои чунин лоиҳа бардоштем. Ин аз ҳар дидгоҳ як иқдоми васлкунандаи минтақавӣ хоҳад буд, ки муваффақона ба самар хоҳад расид, — гуфт Атмар.

Ногуфта намонад, ки қаблан роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Сохтмони ин роҳи оҳан бо сарфи 129 миллион доллари амрикоӣ иҷро шудааст ва онро мутахассисони ӯзбекистонӣ анҷом додаанд. Акнун лоиҳаи нав, ки сохтмони роҳи оҳани  Мазори Шариф-Кобул-Пешоварро мадди назар дорад, Хайратон ва Пешоварро ба ҳам васл хоҳад кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here