Вазорати дифои Ӯзбекистон бо ширкати «Рособоронэкспорт» марбут ба Вазорати дифои Русия қарордодеро барои хариди 12 чархболи низомии «МИ-35» барои нерӯи мусаллаҳи кишвараш ба имзо расондааст.
Тибқи ин қарордод тарафи Русия барои фурӯши чархболҳои низомии «МИ-35» ба мақомоти дифои Ӯзбекистон ба тавофуқ расидаанд ва қарор шудааст содироти ин маҳсул дар соли 2018 оғоз шавад.
Ин қарордод дар чорчӯби сафари сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар аввалҳои моҳи ноябр ба Ӯзбекистон ба имзо расидааст.
Дар ҳоли ҳозир дар Тошканд намояндагони ширкати «Рособоронэкспорт» барои идомаи ҳамкориҳо дар заминаи гуногун ҳузур доранд ва дар мавриди масоили мухталифи низомӣ ва интиқоли таҷҳизот ба Ӯзбекистон дар ҳоли қабули тавофуқнома ҳастанд.