Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон кормандони ниҳоди мазкур дар ҳамкорӣ бо ходимони корҳои дохилии ин кишвар аз фаъолияти як гурӯҳи террористӣ ҷилавгирӣ карданд. Гуфта мешавад, бар асари пиёда кардани як амалиёти вижа дар ноҳияҳои Олмазор ва Шайхонтаҳури шаҳри Тошканд ба фаъолияти ин гурӯҳи террористӣ нуқта гузошта шуд.

Ин манбаъ меафзояд, ки фаъолияти созмони “Катибаи тавҳид ва ҷиҳод” бо қарори Додгоҳи олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26 сентябри соли 2016 ҳамчун созмони террористӣ  дар қаламрави Ӯзбекистон манъ эълон шудааст. Ҳоло 11 нафар аъзои ин созмон мавриди боздошту бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

Бино ба иттилои ин манбаъ гурӯҳи террористиро яке аз роҳбарони ғояҳои тундгаро ва террористӣ моҳи январи соли равон ташкил кардааст. Вай шахсест, ки дар Сурия ва Туркия иқоматро ихтиёр кардааст. Зодгоҳи ӯ Қирғизистон аст ва ӯ мулаққаб ба “Абӯ Сабоҳ” буда, номи аслиаш Сироҷиддин Мухторов мебошад.

Вай аз пайравони шаҳрвандони Ӯзбекистон Зофир Ғаффоров, мулаққаб ба “Абдуллоҳ Зуфар” ва Содиқ Муҳаммадиев, мулаққаб ба “Содиқи самарқандӣ”,  муаррифӣ шуда, зери таъсири даъватҳои онҳо мондааст. Баъдан атрофиёни худро ба ин гурӯҳ ҷалбу ҷазб намудааст.

Моҳи марти соли равон барои пайвастан ба суфуфи “Катибаи тавҳид ва ҷиҳод” шиносномаи хориҷӣ ба даст овардааст ва барои ба Сурия рафтан омодагӣ гирифтааст, аммо бар асари ҷорӣ шудани қоидаҳои карантин дар Ӯзбекистон ва Туркия натавонистааст аз қаламрави ин кишвар берун равад.

Ба таъкиди дафтари матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон аъзои гурӯҳи террористӣ нишастҳои ғайриқонунӣ баргузор кардаанд ва аз тариқи шабакаҳои интернетӣ маводи муҳтавояш тундгароро байни худ баррасӣ намудаанд.

Онҳо масъалаи сафар ба Сурияро ба ҳайси “ҳиҷрат” ва “ҷиҳод” байни худ талқин кардаанд ва аъзои нави гурӯҳро барои сафар ба ин кишвар даъват намудаанд.

Кормандони амният ва корҳои дохилӣ зимни пиёда кардани амалиёт  аз ҷои истиқомати аъзои гурӯҳ адабиёти манъшуда, варақаҳо, компютер, ноутбук, планшет, телефонҳои ҳамроҳӣ ва флеш-картаҳо мусодира намудаанд. Гуфта мешавад, ки ҳамаи мавод барои бозрасӣ ба гурӯҳи махсуси таҳқиқотӣ пешниҳод шудаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here