Ба ин мадраса соли 1420 Мирзо Улуғбек асос гузоштааст. Гуфта мешавад, ки “Мадрасаи олия” дар шаҳри Самарқанд ба ҳайси маркази бузурги фарҳангӣ бунёд ёфта буд.

Дар авоили асри ХХ, ки дигаргуниҳои куллӣ рух додаанд, дар ин мадраса курсҳои таълими шӯравиро ташкил кардаанд. Хатмкунандагони онро шурӯъ аз соли 1920 донишкадаҳои маорифи халқ пазируфтаанд.

Соли 1926 мадрасаи Улуғбек бо қарори Комиссарони халқи Ӯзбекистон ба Донишкадаи олии омӯзгорӣ мубаддал шудааст. Дар базаи ин донишкада аввал Академияи олии омӯзгорӣ  ва аз 30 январи соли 1933 Донишгоҳи давлатии Самарқанд ташкил шудааст.

Қарор аст, ки 21 сентябри соли равон 600-солагии ташкилшавии ин донишгоҳ ба таври васеъ ва бошукӯҳ таҷлил хоҳад шуд.

Дар конфаронси байналмилалие, ки таҳти унвони “Донишгоҳи давлатии Самарқанд-вориси мадрасаи олияи Улуғбек” ба тарзи онлайн баргузор гардид, олимон, адибон, арбобони давлативу ҷамъиятии якчанд мамолики ҷаҳон ширкат кардаанд.

Ба гуфтаи Ахтарул Вассей профессор, ректори донишгоҳи Мавлона Озоди  Ҳиндустон дар ин кишвар мадрасаҳо баъди ворид шудани ислом ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Мадраса, ғайр аз он ки олимони соҳаи исломро ба камол расонидааст, ҳамчунин дар тайёр кардани муҳандисон, пизишкон, меъморон, файласуфон ва амсоли он низ саҳми бузург гузоштааст.

Вай мегўяд: “600-солагии Донишгоҳи давлатии Самарқандро дар тамоми олам метавон таҷлил намуд, зеро он ҳодисаи муҳими таърихиро касб хоҳад кард”.

Криста Пиккат, намояндаи ЮНЕСКО ширкати худ дар конфаронси онлайниро воқеаи муҳим шуморидааст. Ба гуфтаи ӯ аз барномаи конфаронс маълум аст, ки дар он мутахассисони ботаҷриба ва донишманд ширкат карданд.

— Таҳти ҳимояти ЮНЕСКО дар ДДС кафедраи таърихи Самарқанд  ба мақсад мувофиқ мебошад. Ходимони он метавонанд бо ҷамоаи донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамкорӣ намоянд ва дар пажуҳиш ва омӯхтани таърихи илму фан, маънавият ва маърифат ба дастовардҳои бештар ноил шаванд,-иброз доштааст Криста Пиккат.

Ба ин тартиб, омодагирӣ ба таҷлили 600-солагии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамчун вориси мадрасаи олия шурӯъ шудааст. Интизор меравад, ки ин маросим хеле бошукӯҳ баргузор мегардад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here