Мақомоти Ӯзбекистон 100 ҳазор воя ваксинаи Comirnaty, ки аз ҷониби ширкати амрикоии Pfizer бо шарики олмониаш BioNTech истеҳсол кардааст, таҳти механизми COVAX супориш додаанд. Дар ин бора муовини вазири тандурустии ин кишвар Баҳодур Юсупов хабар додааст.

COVAX як механизми байналмилалиест, ки СҶТ дар ҳамкорӣ бо Эътилофи ҷаҳонии ваксинаҳо ва Эътилоф барои навоварии омодагӣ ба эпидемия корашро оғоз кардааст. Мақсади асосии он кафолати дастрасии зуд, одилона ва баробар ба ваксинаи COVID-19 дар саросари ҷаҳон аст.

Мувони вазири ӯзбек қайд кардааст, ки масъалаи хариди Comirnaty дар марҳилаи рушд қарор дорад. Инчунин ӯ ёдоварӣ кардааст, ки ваксинаро бояд дар 70 дараҷаи сардӣ нигоҳ дошт. Иттифоқи ваксинаҳо ва эмкунӣ ба ҷумҳурӣ 17 яхдони калонҳаҷм ва 206 микроавтобус барои нигаҳдорӣ ва интиқоли дору дар минтақаҳо додааст.

“Дар кишвар чунин яхдонҳо мавҷуд ҳастанд ва ҳоло корҳо барои банақшагирии дақиқи раванди ваксинакунонӣ ва таълими кормандони тиббӣ оғоз ёфтааст”,- илова кардааст муовини вазир.

Дар оғози моҳи ноябр хабар доданд, ки дар Ӯзбекистон марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникии ваксинаи чинӣ алайҳи коронавирус оғоз шудааст. Ғайр аз ин, Вазорати тандурустӣ ба Фонди сармоягузории мустақими Русия дар бораи ҷудо кардани 5000 воя ваксинаи Спутник-V, ки дар Федератсияи Русия истеҳсол мешавад, муроҷиатнома фиристодааст. Дар охири моҳи декабр сафири рус дар шаҳри Тошканд Владимир Тюрденев хабар дод, ки дар Ӯзбекистон муҳоҷирони меҳнатие, ки нақшаи дар Русия фаъолият карданро доранд, аз эмгузаронӣ хоҳанд гузашт. Давлат барои онҳо 1 млн воя ваксинаи “Спутник-V” фармоиш додааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here