Дар Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар натиҷаи амали террористии рӯзи 31-уми октябр 8 нафар кушта шуданд. Мошини боркаши ҳаҷман хурде аз шоҳроҳи мошингард берун шуда, аввал ба пайроҳаи дучархаронҳо баромад, сипас ба автобуси мактаббачаҳо бархӯрд. Ронандаи боркаш аз тарафи полис захмӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки ронанда ин боркашро ба иҷора гирифтааст. Ӯ аз шоҳроҳ берун шуда, дар пайроҳаи дучархаронҳо одамонро зер кардааст. Дар натиҷа 6 нафар дар ҷойи ҳодиса ва ду нафар дар мошини ёрии таъҷилӣ ҷон додаанд. Дастикам 11 нафар аз ин ҳодиса осеб дидаанд.

Ронанда баъди ба автобус бархӯрдани боркаш аз он пиёда шуда, дар кӯча садои «Алоҳу Акбар» баланд кардааст. Дар дасти худ аслиҳа доштааст. Бино ба иттилои NBC ва CBS ӯ зодаи Ӯзбекистон Сайфулло Ҳабибуллоевич Соҳибов будааст. Ӯ 29-сола буда, соли 2010 ба ИМА омадааст. Террорист айни ҳол дар бемористон аст. Интизор меравад, ки ӯро ҷарроҳӣ мекунанду зинда мемонад. Маълум карда шудааст, ки Соҳибов дар танҳоӣ амал кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here