Намояндаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Мирзоев Ғафор дар «Соати парлумонӣ» бо вакилони мардумӣ ширкат карда, таъкид дошт, ки ҳунарҳои мардумӣ ва хусусияти онҳо аз тарафи муҳаққиқони пешин низ хуб омӯхта шудааст ва мавриди таваҷҷуҳи донишмандон қарор доранд.

— Мухаққиқи соҳа Гончарова дар ёддоштҳояш нуқтаи ҷолиберо қайд карда мегӯяд, ки зардӯзӣ дар қадим аслан хунари мардон будааст, зеро дар рӯи матоъҳои дурушту ғафс, ба монанди бахмал сӯзан задан лозим меомадааст. Зайниддин Восифӣ дар бораи яке аз мардони соҳибҳунари Ҳирот — Ҳасани Зардӯз дар ёддоштҳои худ сухан кардааст. Гончарова дар бораи ташкили устохонаҳои зардӯзӣ, тарзи қабул ва хатми шогирдон, ки дар замони аморати Бухоро роиҷ буд, маълумот медиҳад, — гуфт Мирзоев.

 

Дар акс зардӯз аз Бухоро

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here