Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҳафтум аст, ки дар дарёи Хингоб ҷасади  Ирина Третяковаи 61-соларо меҷӯянд, вале ҳамоно нишоне аз ӯ пайдо нест.

Ин шаҳрванди Русия рӯзи 13-уми август ҳангоми убур аз пули рӯди Хингоб ба дарё сарозер шудааст ва мавҷи пурхӯрӯш дар як лаҳза ӯро аз чашми ҳамраҳонаш дур кардааст.

Ин ҳодиса шаби 13-уми августи соли равон соати 20:24 рух додааст. Ирина Третякова ҳамроҳ бо панҷ сайёҳи дигар аз Русия аз болои пули дарёи Хингоб дар ноҳияи Сангвор мегузашт, ки ногаҳон ба рӯди хурӯшон сарозер шудааст.  Чор тани онҳо шаҳрванди Русия ва як нафар сокини шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон будаанд:

Третякова Ирина Олеговна соли таваллуд 05.09.1959

Колпаков Александр Василевич соли таваллуд 26.05.1988

КалпаковАлексей Александрович соли тавалуд 18.03.1988

Ретман Георгий Гиоргевич соли таваллуд 04.08.1941

Ким Виктория Семёновна  соли таваллуд 17.09.1962.

Айни замон кормандони идораву вазоратҳои дахлдор ба макони ҳодиса эъзом шудаанд ва ҷустуҷӯи ҷасади Ирина Третякова идома дорад, хабар медиҳад КҲФ.

Добавить комментарий