Як сокини шаҳри Чунсини Чин, ки аз бемории коронавирус шифо ёфтааст, дар бораи ин беморӣ сухан гуфтааст. Дар ин бора Агентии хабаргузории Синхуа дар Чин хабар додааст.

Зани 44-сола бо номи Ҷзян, ки чанд сол пеш ба Вуҳан кӯчидааст, дар моҳи январ вай барои таҷлили Соли нави чинӣ ба зодгоҳаш баргаштааст. Ӯро шавҳараш пешвоз гирифта пай бурдааст, ки зан худро хуб ҳис намекунад. Вай Ҷзянро ба беморхонаи маҳаллӣ бурдааст.

Дар ин беморхона натиҷаи мусбӣ ба даст наоварданд, беморро ба Беморхонаи марказии Сансиа интиқол дода, дар он ӯро дар бахши инзиво ҷойгир карданд ва ба бемории пневмония, ки бо сабаби коронавируси 2019-nCoV гирифтор шудааст, ташхис додаанд. Ба гуфтаи Ҷзян, вай аввалин нафарест, ки дар Чунгсин сироят ёфтааст.

Ҳар рӯз духтурон табобати зиддивирусӣ ва зиддисироятӣ, инчунин, усулҳои тибби анъанавии Чинро анҷом медоданд. Дар натиҷа, тамоми аломатҳои беморӣ рафъ шуданд ва ҳолаш беҳтар шуду ӯро аз беморхона ҷавоб доданд.

“Аз ман мепурсанд, ки оё ин беморӣ даҳшатнок аст? Ман чунин меҳисобам, ки чизи аз ҳама муҳим натарсидан аст », — мегӯяд Ҷзян. Вай инчунин тавсия медиҳад, ки ниқоб пӯшед ва дастҳоятонро зуд-зуд шуед. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорат зуд ба пизишк муроҷиат кунед.

Чанде пеш дар Чин коронавируси 2019-nCoV кашф карда шуд, ки боиси ҳалокати одамон мешавад. То имрӯз, 8233 нафар дар саросари ҷаҳон ба ин вирус сироят ёфтаанд, ки аксарияти онҳо — 7,7 ҳазор нафар дар Хитой мебошанд. 170 бемор вафот карданд ва ҳам назди 80 нафар шифо ёфтаанд.