Бо фиристодани як паём аз ҷониби Viber ба муштариён гуфта мешавад, ки зангҳои видеоӣ тариқи Viber дар дохили Тоҷикистон дубора фаъол гардиданд.
Дар паём чунин омадааст: “Мо медонем, ки чанде пеш шумо ҳангоми занг задан ба воситаи Viber мушкили техникӣ доштед. Мо хурсандем, ки ба шумо хабари ҳал карда шудани мушкилотро медиҳем. Шумо ҳоло метавонед истифодаи зангҳои хушсифат ва фиристодани паёмро бо воситаи барномаи вайбер бо тариқи ройгон давом диҳед”.
Мавриди зикр аст, ки як муддат дар аксарият минтақаҳои Тоҷикистон муоширати видеоӣ ва овозӣ тариқи Viber дастнорас буд ва танҳо аз кишварҳои хориҷ ба Viber занги видеоӣ задан имкон дошт.