Аълоева Моҳпарӣ Абдулфаттоевна, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Зайналобод бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум дар чанд ҳолат даст ба ҷиноятҳои қаллобӣ зада, маблағҳои пулии шаҳрвандонро аз худ кардааст.
Номбурда аз шаҳрвандон бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла, бо мақсади дохил кардан ба донишгоҳҳои олии кишвар ва ба Ҳаҷ фиристондану ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шудан, аз шаҳрвандон аз 10 то 80 000 сомонӣ пул гирифтааст. Аз манзили ба иҷора гирифтаи ӯ 17 адад муҳри донишгоҳҳои олии кишвар, аз ҷумла муҳри «Хазина-пардохт шуд», «Нусха дуруст аст», «Воридот №__», ҳамчунин шиносномаву номаи камол ва як қатор ҳуҷҷатҳои ба таври сохтакорӣ омодашуда дарёфту мусодира карда шудаанд.
Аз Алламуродова Сабоҳат Ҷураевна барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дохил кардани писараш ба маблағи 50 000 сомонӣ гирифта, ӯро фиреб додааст. Инчунин, аз шаҳрванд Расулова Ҳусния ба хотири ба тиҷорат машғул шудан, 80 000 сомонӣ гирифта, бозпас нагардонидааст.
Аз Розиқов Маҳмадсаид барои худ ва 8 нафар хешовандонашро ба маросими Ҳаҷ-2019 фиристонидан 220 000 сомонӣ гирифта, бозпас нагардонидааст.
Ба бовари Мансурова Ҷамила Сулаймоновна даромада, бо воситаи ӯ аз 70 нафар довталаби донишкадаву донишгоҳ ва коллеҷҳои кишвар дар умум 884 000 сомонӣ маблағҳои калони пулӣ ба даст оварда, ба онҳо ваъдаи бардуруғ додааст, ки бо тариқи шартномавӣ ба муассисаҳои олӣ дохил мекунад.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шудааст, ки номбурда дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандон наздики 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.