Чанде пеш хабари кушта шудани як кӯдаки 7-сола дар Душанбе аз сӯйи як зан ҷомеаи Тоҷикистонро ба даҳшат оварда буд. Гуфта мешуд, ки дар куштори кӯдак зани хеши падари кӯдак гумонбар дониста мешавад ва зан, ки гӯё бемории руҳӣ доштааст, баъди ҳодиса ғайб задааст.

ОИ «АП» хабар медиҳад, ки баъди 13 рӯзи ҷустуҷӯ зани 53-солае, ки дар куштори писарчаи 7-солаи хешаш гумонбар дониста мешуд, боздошт шудааст.  Инро яке аз наздикони ин хонавода иттилоъ додааст ва  сухангӯйи РВКД Душанбе Муҳсинҷон Муҳаммадӣ низ ин хабарро низ таъйид кардааст.

Ин зани гумонбар Муборак Абдураҳмонова аст, ки ба қавли наздикони кӯдаки кушташуда ӯро аз ҳудуди ноҳияи Варзоб пайдо кардаанд, аммо аз РВКД дар Душанбе гуфтаанд, ки ин зан дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт шудааст ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи сухангӯйи РВКД дар шаҳри Душанбе парвандаи ин ҳодисаро прокуратура пеш мебарад ва ҷузъиёти дигари парванда марбут ба ин ниҳод аст.

Наздикони ноболиғи кушташуда дар мавриди боздошти ин зан ҷузъиёти дигар надоданд ва гуфтаанд, ки наметавонанд маълумоти бештар бидиҳанд, зеро раванди тафтишот аст. Ба гуфтаи онҳо, ин зан бемории руҳӣ надоштааст.

Куштори кӯдаки 7-сола 5-уми март дар кӯчаи ба номи Олег Кошевойи пойтахт рух дода буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here