Дар Ӯзбекистон хонандаи синфи ҳафтум аз ноҳияи Бешариқро, ки модараш ба танфурӯшӣ маҷбур карда, ҳамлаш низ иҷборан сиқт карда шуд, ба мактаб-интернати махсуси шаҳри Қӯқанд фиристоданд.

Муовини раиси ҳукумати вилояти Фарғона Сайёра Олимова гуфтааст, тамоми афроде, ки дар қазияи ин духтари ноболиғ айбдор мешуданд, ҷазои муносиб гирифтанд.

«Сокини 39-солаи маҳаллӣ Фирӯза Давронова, ки духтарашро ба танфурӯшӣ маҷбур карда буд, 10,5 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳи Бешариқ ҳамчунин сокинони деҳаи Чорбоғтуронил Шерзод Балибеков, Ҷасур Эргашев ва Эргашалӣ Сулаймоновро дар таҷовузи духтари ноболиғ айбдор ва 12 солӣ аз озодӣ маҳрум кард», — афзуд Олимова.

Ёдрас мешавем, 18-уми августи соли равон хабар доданд, дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона ҳамли як хонандаи синфи ҳафт, ки модараш ӯро ба танфурӯшӣ маҷбур карда буд, бо дастури мансабдорони маҳаллӣ сиқт карда шуд.

Ҳамчунин охирҳои моҳи август гуфтанд, ҳукумати ноҳияи Бешариқ аз расонидани кумаки моддӣ ба хонаводаи духтар худдорӣ мекунад.

«Дар ҳоли ҳозир, мақомоти ноҳия хонаи духтарро таъмир доранд. Ин корҳо барои он анҷом дода мешавад, ки мақомоти маҳаллӣ дар сурати боздиди мансабдорони Тошканд бигӯянд, модар ба хотири ниёзҳои моддӣ духтарашро ба танфурӯшӣ маҷбур накардааст», — гуфтааст як манбаъ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here