Як зан дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа кор карда, барои 49 нафар ҳуҷҷат дуруст ва бо истифода аз 11 корти бонкӣ маблағи зиёдеро аз худ кардааст, ки ин ҷинояташ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ошкор шудааст.

Боқиева Зарина Ҷамахоновна, дар вазифаи муовини сардори Раёсат-сардори шуъбаи таъиноти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш, дуруст солҳои 2016-2018 ва 4 моҳи аввали соли 2019, бо роҳи сохтакорӣ тартиб додани ҳуҷҷатҳои нафақавӣ бо истифода аз 49 ному насаб ва 21 рақами аснодҳои нафақавӣ ба воситаи 11 адад корти бонкии нафақавӣ дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 1.000. 422,84 (як миллиону чорсаду бисту се) сомонӣ маблағҳои буҷетиро аз худ кардааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати Боқиева Зарина Ҷамахоновна ва дигар ҳаммаслаконаш, ки дар ин ҷиноят ба ӯ ёрӣ расондаанд, бо моддаҳои 245, қисми 4, банди «б», 323 ва 340, қисми 2, бандҳои «а» ва «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, маблаги 1 000 422,84 (як миллиону чорсаду бисту се) сомонӣ тасарруф гардида, ба пуррагӣ ба буҷа барқарор карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here