Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти зани 45-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хабар дод, ки ӯ дар хариду фурӯши одамон муттаҳам дониста мешавад. Манбаъ мегӯяд, ки ин зан қаблан низ бо моддаи 130 иловаи 1, қисми 2 (савдои одамон) Кодекси ҷиноятӣ суд шуда будааст.

ВКД дар шарҳи хабар менависад, ки “номбурда моҳи марти соли 2019 бо маслиҳати пешакӣ бо духтараш дар шаҳри Хуҷанд, ҷавонзани 25-солаи ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои сафар ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва машғул шудан ба фоҳишагӣ ҷалб кардаанд”.

Ба иттилои манбаъ, модару духтар барои ҷавонзан ба хатсайри «Тошканд-Дубай» аз ҳисоби худашон чиптаи ҳавопаймо харида, тавассути фурудгоҳи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Дубай интиқол додаанд. Баъдан, дар Дубай шиносномаи миллӣ ва хориҷии ҷабрдидаро аз дасташ гирифта, ӯро бар ивази 15 ҳазор доллари амрикоӣ дар асорат қарор додаанд. Дар мавриди тақдири минбаъдаи ҷавонзан дар Дубай ва чӣ гуна пайдо кардани ӯву ба Тоҷикистон баргардониданаш иттилоъ дода нашудааст. Гуфта мешавад, алҳол аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад ва пас аз анҷоми он тариқи расонаҳо маълумот дода хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here