Дастаи мунтахаби занҳои футболбози Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018 (CAFA) ширкат мекунад.

Дар ин мусобиқа, ки аз 23-юми ноябр то 1-уми декабри имсол дар шаҳри Тошканд доир мегардад, 5 дастаи занона иштирок хоҳанд кард. Дар баробари Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби заҳои Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эрон барои медалҳо талош мекунанд.

Дар асоси низомнома, чемпионати CAFA миёни бонувон тибқи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Ғолиби чемпионат дастае мегардад, ки имтиёзи бештар ба даст меорад.

Чанде пеш дар Тошканд чемпионати CAFA миёни наврасони то 16-сола баргузор шуда буд, ки дастаи Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here