Як модару духтар ба қасди куштори ду нафар аз наздиконашон ба қотили зархарид 12 000 доллар пешниҳод кардаанд, аммо нақшаашон амалӣ нашудааст, зеро кормандони милитсия онро пешгирӣ кардаанд.

Кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Исмоли Сомонӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 54-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва духтари 26-солаашро ҳамчун гумонбар дар сӯиқасд ба куштор дастгир кардаанд.

Номбурдагон барои замини наздиҳавлигӣ, ки ба онҳо ҳамчун мерос монда шудааст, бо марди 47-сола ва писари ӯ марди 20-солаи сокини ҳамон ҷо, ки зоҳиран аввалӣ додари ин зан аст, даъво кардаанд. Сипас, зану духтар охирҳои моҳи октябри соли 2017 бо маслиҳати пешакӣ хостаанд бо воситаи қотили зархарид ин ду нафарро аз ҳаёт маҳрум кунанд. Барои ин кор ба зархарид 12000 доллари амрикоӣ пешниҳод кардаанд. Нақшаи онҳо амалӣ нашудааст ва пеши роҳи ҷиноят аз ҷониби кормандони милитсия гирифта шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here