Нисфирӯзии 31-уми январ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

“Ховар” бо истинод аз маълумоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, тибқи маълумотҳои пешакӣ, маркази зилзила дар кӯҳҳои Ҳундукуши Афғонистон ба қайд гирифта шуда, қудрати он дар маркази зилзила 6,1 дараҷаро ташкил додааст.

Ба иттилои  манбаъ, дар Душанбе қувваи зилзила ба чор дараҷаи Рихтер баробар будааст. Доир ба хисорот иттилое нарасидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here