Субҳи имрӯз сокинони ҷануби Тоҷикистон заминҷунбиро эҳсос карданд. Гуфта мешавад, ки қудрати ин заминҷунбӣ дар маркази он ба 5 дараҷа баробар будааст.

Соати 07:45-и 12-ум декабр дар ҳудуди Тоҷикистон заминҷунбӣ ба мушоҳида расидааст. Дар ин бора ба АИ «АП» аз Академияи илмҳои кишвар хабар додаанд. Маркази заминларза дар 115-километрии ҷанубу шарқии Душанбе, дар 6-километрии шаҳри Кӯлоб воқеъ будааст. Қудрати заминҷунбӣ дар маркази он 5 дараҷа, дар Кӯлоб — 4, аммо дар Душанбе он қариб, ки эҳсос нашудааст.

Бино ба иттилои Маркази заминларзашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин маркази ин заминҷунбӣ дар қаъри 47 километр дар ҳудуди Тоҷикистон дар 12-километрии шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ омада, қудрати он дар марказаш 4,5 дараҷа будааст. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here