Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон чанд рӯз пеш 8 нафар донишҷӯи як коллеҷи хусусӣ заҳролуд шудаву ҳоло дар беморхонаи марказии ин шаҳр бистарианд.

Як манбаъ аз МИҲД-и шаҳри Левакант хабар дод, ки ин гурӯҳи 8 нафараи донишҷӯён, ки заҳролуд шудаанд, дар коллеҷи хусусии шаҳр таҳсил мекунанд.

— Донишҷӯён мураббои дар банка хобонидашударо истеъмол кардаву заҳролуд шудаанд. Ҳамаи онҳо ба беморхонаи марказии шаҳр интиқол дода шуданд. Вазъи саломати ҳамаи онҳо айни ҳол хуб аст, — гуфтанд аз мақомоти мазкур.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here