Рӯзҳои охир аз бераҳмии мардон, ки дар низоъҳои оилавӣ аз корду табар истифода карда, наздикони худро захмиву ба ҳалокат мерасонанд, хабар дода мешавад.

Маркази матуботи ВКД хабар медиҳад, ки аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Ин мард, рӯзи 12-уми августи соли 2019, тахминан соатҳои 23:00, бо ҳамсараш, зани 35-сола, даъво карда, фарзандони ноболиғи худ, писарбаччаи 8-сола ва духтарчаи 6-соларо аз хона бо худ гирифта, ба самти деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Гули-Сурх бурдааст. Ӯ дар роҳ аз мағоза 1 адад корд харида, бо ин корд 10 маротиба ба узвҳои бадани писараш задаааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Дар як хабари дигар гуфта мешавад, ки 13-уми августи соли равон, тахминан соатҳои 10:30, марди 35-солаи истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шудааст.

Номбурда, ҳангоми дар хонаи падараш, марди 65-солаи сокини деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муминобод қарор доштанаш, бо ҳамсараш, зани 28-сола,низоъ карда, бо табар як маротиба ба қисмати гардани ӯ задааст. Бар замми ин ӯ ба сару китфи падараш низ бо табар задааст. Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Падараш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here