Мақомоти Афғонистон хабар медиҳанд, ки дар пайи ҳамлаи ҷангиёни ҳаракати даҳшатафкани Толибон ба як гузаргоҳи марзӣ дар ҷанубу шарқи ин кишвар дасти кам 9 корманди полис ҷон додаанд.

Сухангӯи раиси вилояти Ғазнии Афғонистон Ориф Нурӣ гуфт, дар натиҷаи ин ҳамла чор корманди дигари полис захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, задухӯрд миёни кормандони полис ва ҷангиёни Толибон ҳудуди 7 соат идома ёфта, 7 ҳамлагар кушта шудаанд.

Толибон масъулияти ҳамларо ба зимма гирифтааст. Узви шӯрои вилояти Ғазнӣ Нисор Аҳмад Фақирӣ гуфт, дар пайи ҳамла гузаргоҳи марзии ноҳияи Куҳёнӣ пурра хароб шудааст.

Мақомоти вилояти Бағлони Афғонистон 30 октябр хабар доданд, ки аз як ҳамлаи Толибон пешгирӣ кардаанд. Сардори полиси ноҳияи Бурқа Муҳаммад Алӣ гуфт, ҷангиён субҳи душанбе ба бинои полис ҳамла карданд. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа 20 ҷангҷӯ кушта шуда, як сарбози афғон ҷароҳати сабук бардоштааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here