22-юми сентябри соли 2017 ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Айнӣ, раиси ошхонаиШаббодаи Анзоб”, пеш бо моддаҳои 248 қисми 2, 191, 250 қисми 2, 147 ва 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд

Номбурда, 7-уми январи соли 2016, зани 48-солаи сокини шаҳри Душанберо лату кӯб карда, дар таҳхонаи ошхонаи мазкур зиёда аз 7-шабонарӯз дар сардии зимистон нигоҳ доштааст.

Дар натиҷа зани ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар таҳхона ба ҳалокат расидааст.

Сипас, гумонбаршуда ҷасади зани мазкурро дар мавзеи “Чоре”-и ҷамоати деҳоти Айнӣ дар чуқурии 1-метр гӯронидааст.

Номбурда айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here