Ширкати Тсеll тайи чанд соли ахир барои корбарон дар Душанбе нуқтаҳои хизматрасонии WiFi пешниҳод менамояд. Одамон бо истифода аз ин намуди сервиси ҷадид пуштаҳои электрониашонро тафтиш менамоянд, бо дӯстону пайвандон дар иртибот мешаванд ва барномаву матолиби заруриро боргирӣ менамоянд. Талабот ва дархости муштариёнро ба назар гирифта, ширкати Tcell тасмим гирифт, ки дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон- Душанбе ва Хуҷанд нуқтаҳои дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳониро тавсеа бахшад!

Марҳилаи аввали тавсеаи минтақаҳое, ки бо Wi-Fi таъмин гардиданд, аллакай дар Душанбе ва Хуҷанд, дар мавзеъҳои серодаму тафреҳгоҳҳо, боғҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин татбиқ шудааст. То имрӯз 10 минтақаи бо Wi-Fi таъмин дар Душанбе ва 1 нуқта дар Хуҷанд фаъолият менамоянд.

Истифода аз Wi-Fi  -и  Tcell аллакай дар марказҳои хизматрасонии ширкат, ҷойҳои наздик ба дафтарҳои ширкат ва нуқтаҳои гашту гузори оммавии мардум дар Душанбеву Хуҷанд бо нишониҳои зер имконпазир аст:

  • Боғи Куруши Кабир (дар шафати театри “Опера ва балет”)
  • Рӯдаки 34 (Дафтари асосии ширкат – Tcell Plaza)
  • Рӯдаки 6А (МС “Садбарг”)
  • Н.Қарабоев 4 (Сирк)
  • Рӯдакӣ 55 (дар наздикии бинои собиқи “Почтаи асосӣ”)
  • Рӯдакӣ 91 (рӯбарӯи Ҳукумати шаҳри Душанбе)
  • Дар дохили бинои МС “Фурӯшгоҳи марказӣ”)
  • Рӯдаки 108 (дар рӯбарӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ)
  • Н.Қарабоев (Саховат)
  • Айнӣ 269 (километри 9-ум)
  • Боғи “Камоли Хуҷандӣ (шаҳри Хуҷанд)

Дар ояндаи наздик, аснои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа дастрасӣ ба Wi-Fi аз Tcell боз ҳам бештар шуда, мавзеъҳои серодами шаҳр: боғҳои нав, ҷои дӯстдоштаи сайру саёҳати сокинони Хуҷанду Душанбе ва бозору фурӯшгоҳҳои бузургро фаро мегирад.

Истифода аз Wi-Fi –и  Tcell саҳлу содда аст: фақат зарур аст, ки ба нуқтаҳои наздиктарини хизматрасонии ширкат биравед ва шабакаи интернетрасонии Wi-Fi аз Tcell-ро дар телефони ҳушманду дигари таҷҳизоти худ пайдо намуда, пайваст шавед! Ҷолиб ин аст, ки барои истифода аз интернети дастраси Tcell, муштарии ширкат будан зарур нест.

Бо татбиқи лоиҳаи пӯшишдиҳии минтақаҳои мухталифи пойтахт бо интернети Wi-Fi, ширкати Tcell қабл аз ҳама дар мавриди сокинону меҳмонон ва қулаю дастрас будани интернет меандешад. Бо рушди шабакаи интернет ва дастрастар гардидани он дар мавзеҳои шаҳр, ҳеч як нома ва санади муҳим бе посух намемонад. Корбарон аз ин василаи ҷадид истифода карда, кору фаъолияти худро беҳтару хубтар ба роҳ мемонанд.

Тасеаи бахшҳои диҷитол ва навоварӣ яке аз авлавиятҳои фаъолияти ширкати Tcell маҳсуб меёбад. Tcell ба унвони номи тиҷорӣ (бренд) бо ҳадафи кӯмак ба беҳтарсозии вазъи ҷомеае, ки дар он зиндагӣ ва кор мекунем, масъулияти иҷтимоиро эҳсос карда,ироаи технологияҳои нав, хидматрсонии осону қулай роҳҳалҳои иноватсиониро барои истифодабарандагон дар Тоҷикистон анҷом медиҳад.

 

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here