Донишҷӯйни тоҷикистонӣ, ки дар муассисаҳои олии таълимии Русия мехонанд, акнун метавонанд, ба ин кишвар ворид шаванд. Ба далели ҷаҳонгир шудани коронавирус вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба ҳудуди Русия манъ шуда буд, ки бо беҳ шудани вазъи эпидемикӣ Вазорати маориф ва илми ФР тасмим гирифтааст, ки аз чанд кишвари ҷаҳон вуруди донишҷӯёнро иҷоза диҳад.

Дар вебсайти Вазорати маориф ва илми Русия хабар нашр шудаатс, ки донишҷӯён боз аз шаш кишвари шароити вазъи эпидемиолгиашон мусоид барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ ба қаламрави Русия ворид шуда метавонанд. “Тибқи амри ҳукумати Русия  донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, ординаторҳо ва шунавандагони давраҳои омодагии факултетҳо аз Венесуэла, Олмон, Сурия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Шри-Ланка барои идомаи таҳсил ба Русия баргашта метавонанд”, — гуфта мешавад дар хабар.

Мувофиқи санади нашршуда, акнун донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, ординаторҳо ва шунавандагони давраҳои омодагии факултетҳо аз Абхозитон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Олмон, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Куба, Ҷумҳурии Малдив, АМА, Ҷазираҳои Сейшел, Сербия, Сингапур, Сурия, Танзания, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Финландия, Швейтсария, Шри-Ланка, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Осетияи Ҷанубӣ, Ҷопон ба Русия сафар карда метавонанд.

Албатта, вуруди донишҷӯён ба ин кишвар тартиби худро дорад, ки огоҳ кардани муассисаи таълимӣ 10 рӯз пеш аз вуруд, гузаштан аз тести коронавирус пеш аз сафар ва баъди сафар, қарантин кардани худ то маълум шудани хулосаи озмоиш аз талабҳои асосианд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here