Дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ боркаши тамағаи КАМАЗ ба рамаи гӯсфандон бархӯрдааст, ки дар натиҷа 52 сар гӯсфанд талаф шудаанд.

Дар ин бора ҳафтаномаи СССР дар такя ба ШВКД-и Восеъ хабар дода, навишт, ки шаби 11 ба 12-уми октябр, тақрибан соатҳои 02:30, бокаши тамғаи КАМАЗ, дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар деҳаи Қурбоншаҳиди Восеъ 52 сар гусфандро зери чархи худ карда, куштааст.

Гуфта мешавад, рамаи гусфандон ба як хоҷагии давлатии ноҳияи Панҷ тааллуқ доштааст, ки дар роҳи баргашт аз чарогоҳи тобистона будааст. Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб аз ин садамаи марговар изҳори бехабарӣ кардааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ тахминан охири моҳи сентябр низ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар рустои Хуррамзамини ноҳияи Данғара, тақрибан соатҳои 12-и шаб як автомашинаи сабукрав ба рамаи гӯсфандон бархӯрдаааст, ки дар натиҷа беш аз 20 сар гӯсфанд кушта шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here