Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади таъмини хоҷагиҳои картошкапарварии ҷумҳурӣ тавассути Фонди Оғохон ба кишвар 509 28 тонна картошкаи навъи “Бигроза” ворид кард. Дар ин бора Вазорати кишоварзӣ иттилоъ дода, гуфтааст аз ин миқдор 118 780 тонна ба вилояти Суғд, 7550 тонна ба вилояти Хатлон, 208 тонна ба ВМКБ, 108 тонна ба водии Рашт фиристода шуд.

Дар ҳамин замина, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ картошкаи тухмии “Ред скалрет” ворид кард, ки 50 тоннаи он ба ноҳияи Шаҳристон ва 30 тонна ба водии Рашт фиристода шуд.

Вазорати мазкур иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз дар Тоҷикистон дар 250 88 гектар кишти картошка анҷом дода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here