Аз оғози моҳи январ воридшавии нақлиёти баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ба пойтахт маҳдуд мешавад. Ин фақат барои нақлиётест, ки ба мусофирбарӣ сарукор доранд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарореро имзо кард, ки мувофиқи он аз 1-уми январи соли 2021 воридшавии нақлиёте, ки аз ноҳияи Рашт, вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакию Файзобод ва шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат мусофиронро ба пойтахт меоранд, маҳдуд карда мешавад. Ин қарор бо мақсади кам кардани гардиши ронандаҳо дар кӯчаҳои шаҳр ва барои ба тартиб даровардани нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе қабул шудааст.

Мувофиқи қарори раиси шаҳр, аз 1-уми январ ронандагони нақлиёте, ки ба мусофирбарӣ сарукор дошта, мусофиронро аз Рашт, Кӯлоб, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат ба шаҳр меоранд, вазифадоранд, ки мусофиронашонро дар терминали “Шарқ Транс” пиёда кунанд, ки он дар баромадгоҳи Душанбе аз тарафи шаҳри Ваҳдат қарор дорад.

Аз терминали “Шарқ Транс” мусофирон метавонанд тавассути микроавтобусҳои №8, 39 ва автобусҳои №2, 4, 7, 43 ба пойтахт ворид шаванд.

Мусофироне, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ва аз ноҳияҳои вилояти Хатлон нияти ба Душанбе ворид шуданро доранд, бояд дар терминали ЗАО “Таджиквнештранс”, ки дар баромадгоҳи Душанбе аз тарафи ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад, аз нақлиёт фароянд. Аз ин терминал мусофирон метавонанд тавассути микроавтобусҳои №3, 5А, 33, 42, 56, 81, 88 ва бо автобусҳои №1, 2, 43 ба пойтахт ворид шаванд.

Бояд гуфт, ки қарори раиси шаҳр ҳоло ба нақлиёти мусофирбарии минтақаҳои Варзобу вилояти Суғд ва ноҳияҳои водии Ҳисор дахл надорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here