Роҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Хукумати кишвар аз судури фатво, ки гӯё аз ҷониби Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ ироа шудааст ва тибқи он минбаъд гузоридани намоз рӯи ҷойнамозҳои болояшон ҳар гуна сурату аксдошта манъ карда мешавад, изҳори бехабарӣ карданд.

Раиси ин Кумита Давлатзода Сулаймон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт “барои содир намудани фатво Маркази исломии Тоҷикистон масъул аст ва то ҷое, ки медонем, чунин фатво вуҷуд надорад”.

— Бояд қайд кард, ки Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ узви Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон ҳастанд. Домулло ба ҳайси аъзои Шӯро доимо бо мо дар иртиботанд. Чизе, ки набошад, Маркази исломии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳояш вобаста ба он фатво содир менамояд, — гуфт Давлатзода.

Маврид ба зикр аст, ки чанд соли охир миёни ҷомеа гуфтумонҳо вобаста ба ҷойнамозҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда зиёд ба назар мерасад. Бархеҳо бар он назаранд, ҳар гуна расму ороишоте, ки рӯи ҷойнамозҳо мавҷуданд, агар дуруст диққат дода шавад, ба мору каждум, тортанаку куршаппарак ва дигар ҳайвоноту хазандаҳо шабоҳат доранд. Аз ин рӯ, саҷда болои онҳо дуруст нест ва ширк ба ҳисоб меравад.

Ҳарчанд раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар нишасти матбуотӣ ширкат дошта бошад ҳам, ба ҷойи рӯшанӣ андохтан ба ин ҳолат, хомӯширо ихтиёр кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here