Ин навбат кормандони Хадамоти гумрук аз ворид шудани ғайриқонунии пиёз ба ҳудуди Тоҷикистон пешгирӣ карданд. Ин пиёз 8 000 кг буда, аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шуданӣ буд.

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёт дар наздикии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес-Бенс” рақами қайди давлатиаш 95 00 СТ 02 РТ, таҳти ронандагии шаҳрванди Тоҷикистон Ҳ.М. 8 ҳазор килограмм сабзавоти намуди пиёз, дарёфт гардидааст, ки моли мазкур ба худи ронанда шаҳрванд Ҳ.М. соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара тааллуқ доштааст.

Ҳангоми пурсиш маълум гардидааст, ки шаҳрванд Ҳ.М. моли мазкурро бидуни назорати гумрукӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷамоати наздисарҳадии Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид кардааст.

Ҳамин тариқ, дар кирдори шаҳрванд Ҳ.М. нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар моддаи 579-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, дида мешавад.

Аз рӯи ҳолати мазкур бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба шаҳрванд Ҳ.М. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here