РВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, навореро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад ва корбарон онро, ба истилоҳ “облава” аз ҷониби ду корманди милиса шарҳ медиҳанд, мавриди санҷиш қарор додааст.

Ба иттилои манбаъ, санҷиш нишон додааст, ки ҳодисаи мазкур ҳолати маҷбурии бурдан ба хизмати ҳарбӣ ё “облава” набуда, танҳо милисаҳо хостаанд ҷавонписар ва ҷавондухтари дар рӯи роҳ ба талбандагӣ машғул бударо, аз роҳ берун кунанд.

Ҳамчунин, муайян карда шудааст, ки навори мазкур санаи 30-юми сентябр аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус RX рақами қайди давлатиаш 93 45 ЕМ01, истиқоматкунандаи кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Душанбе, Латипов Насимҷон Ҳақдодовичи 26-сола тариқи телефони ҳамроҳ сабт шудааст, ки ҳеҷ рабте ба мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ надорад.

Маркази матбуоти РВКД менависад, ки муаллиф наворро гузашти 6-7 рӯз, “носанҷида ба таври иғвоангезӣ ҳамчун «ҳодисаи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан (облава)» бозтобӣ намуда, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва ирсол намудан ба расонаҳои хабарӣ, дар шабакаи Интернет паҳн намудааст”.

РВКД ҳамчунин шахсияти талбандаҳоро муайян кардааст, ки онҳо Пардаев Бадриддин Искандарович, санаи таваллудаш 11.09.1993, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Тулдара, деҳаи Баҳор ва ҳамсараш Халосова Озода Шамсиддиновна, санаи таваллудаш 26.09.1995 будаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди давродаври қисмати чапи пули Текстил, рӯ ба рӯи бинои Шарқи озод, дар роҳи мошингард ҳангоми машғул шуданашон ба талбандагӣ, кормандони милитсия ҳозир шуда, хостанд ҷавони талбанда Бадриддин Пардаевро ба канори роҳ бароранд. Дар ин лаҳза ҳамсари ӯ Озода Халосова монеи амалкарди кормандони милитсия гардида, нагузоштааст, ки кормандони милитсия ӯ ва шавҳарашро аз роҳи мошингард ба канори роҳ бароранд.

Ҳамчунин, шаҳрванд Пардаев Бадриддин нишондод додааст, ки аз соли 2010 то 2012 дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, воқеъ дар шаҳри Конибодом хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, бар замми ин, соҳиби 3 фарзанд будаасту ҳодисаи мазкур ба «облава» ягон рабт надоштааст.

Аммо дар хабари РВКД гуфта нашудааст, ки нисбат ба талбандаҳо ва муаллифи навор чӣ чора андешида шудааст. Индар ҳолест, ки дар хабар омадааст, ки “кормандони милитсия уҳдадоранд ҳар як ҳолати вайроннамоии қоидаҳои ҳаркати роҳ аз ҷониби шаҳрвандон, аз ҷумла машғул шудан ба талбандагӣ дар роҳҳои мошингард, зери чароғакҳои роҳнамо дуд додани испанд, ба фурӯш баровардани ҳар гуна маводҳои кӯдакона дар роҳҳоро пешгирӣ ва нисбаташон чораандешӣ намоянд, зеро онҳо на танҳо ҷони худашонро дар хатар мегузоранд, балки ҳаёти ронандагонро низ зери суол мебаранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here