Оилаи Ҷонаковҳо баъди 20 соли бехонагӣ, билохир, дар  шаҳри Леваканти вилояти Хатлон соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ  гардидаанд.

Чуноне қаблан навишта будем, олаи Ҷонаковҳо, ки панҷ фарзанд доранд, аз сабаби бехонагӣ тайи 20 сол дар нуқтаҳои сузишворӣ, вагонҳои хоҷагии деҳқонӣ ва ба ин монанд дар бошишгоҳи саҳроӣ бо азобу машаққати зиёд зиндагӣ мекарданд. Билохир, зимни сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Левакант аз номи роҳбари давлат ба онҳо калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дода шуд. Ин хонаро ба оилаи Ҷонаковҳо соҳибкорони бо нангу номус ва хайрхоҳи вилояти Хатлон туҳфа карданд.

Муҳаббат Ҷонакова, сарвари ин оила ба “Фараж” хабар дода гуфт, ҳеҷ бовар надошт, ки баъди солҳои зиёди сарсониву саргардонӣ дар вагонҳои вайрона ва бошишгоҳи саҳроӣ соҳиби манзили зист ва замин мешавад.

Ӯ изҳори миннатдории худро ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорон ва МИҲД-и вилояту шаҳр расонида, гуфт, дар ҳақиқат роҳбари ғамхору меҳрубон дорем, ки ба оилаҳои ниёзманд ёрии худро дареғ намедорад.

Бояд гуфт, ки ба ин оила чанде пеш, баъди нашри маводе аз вазъи сангини онҳо дар рӯзномаи «Фараж», раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия 0,05 га замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, ҳуҷҷатҳои замин низ бо супориши раиси ноҳия барои онҳо ройгон омода гардида буданд.

Бояд ёдовар шуд, ки  мушкилоти оилаи  Муҳаббат Ҷонакова, сокини ноҳияи Кӯшониён, бо панҷ фарзанд ва шаҳвари 65-солааш дар матлабе таҳти унвони “20 соли хонабардӯшии як оила” дар ҳафтаномаи “Фараж”, 11-уми марти соли 2020, ба табъ расида буд.

Айни замон оилаи Ҷонаковҳо ҳам соҳиби қитъаи замин дар ноҳияи Кӯшониён ва ҳам манзили дуҳуҷрагӣ дар маркази шаҳри Левакант гардиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here