Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ҳолатҳои даст кашидан аз воксини ширкати бритониёӣ ва шведии «AstraZeneca»-ро дар баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо меомӯзанд. Дар ин бора имрӯз, 12 март, намояндаи СҶТ хабар дод.

«Ҳамин ки СҶТ ҳолати пешомадаро муайян кард, созмон фавран хулосаи худ ё тағйирот дар тавсияҳои ҳозираро ошкоро эълон хоҳад кард», — гуфтааст намояндаи СҶТ.

Рӯзи 11 март, ширкати AstraZeneca дар посух ба он, ки мақомоти як қатор кишварҳои Аврупо тасмим гирифтанд, истифодаи ин воксинро бо далели мавридҳои лахта шудани хун дар беморони воксиншуда, боздоранд, изҳорот пахш кард. Дар он гуфта шуд, ки тибқи натиҷаҳои озмоишҳои клиникӣ ин воксин дар беморон таҳмили хуб нишон додааст.

Дар навбати худ, Агентии доруҳои аврупоӣ (EMA) ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тавсия додааст, ки ба истифодаи воксин идома диҳанд ва ишора мекунад, ки таҳқиқи ҳолатҳои мушкилоти лахташавии хун идома дорад ва ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки маҳз воксин онро ба вуҷуд овардааст.

Пештар, 11 март, Дания қарор кард, ки воксинзании «AstraZeneca»-ро боздорад. Вазири тандурустии ин кишвар Магнус Ҳейник гуфт, ки алоқаи байни воксинҳои AstraZeneca ва лахташавми хун ҳанӯз имконпазир нест, аммо кишвар мехоҳад мушкилотро пешгирӣ кунад ва гузаронидани тафтишотро муҳим мешуморад.

Пас аз Дания, мақомоти Италия, Норвегия ва Исландия бо далели эҳтиёт чунин тасмим гирифтанд. Мақомоти Эстония маслиҳат доданд, ки эмкуниро бо ин воксин барои одамони гирифтори тромбоз рад кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here