Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултети журналистикаи ин даргоҳ баргузор гардид.  

Мақсади баргузории ин вохӯрӣ шиносоии донишҷӯёни факултаи журналистика бо МТЖТ буд, ки яке аз мактабҳои аввалини бештари донишҷӯёни ин факулта ба шумор меравад.

Дар вохӯрии мазкур дар баробари донишҷӯён устодони факулта низ ширкат доштанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ донишҷӯён ба раиси МТЖТ Хуршед Атовулло ва дигар кормандони ин марказ суолҳои худро пешниҳод намуда, посух гирифтанд.

Раиси МТЖТ Хуршед Атовулло қайд намуд, ки дар соли 2018 зиёда аз 60 донишҷӯ аз мактаби МТЖТ дарс гирифтаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here