Имрӯз дар Қасри миллат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русияро таҳти сарварии раиси Ҳизби демократии либералҳои Русия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, низомиву техникӣ ва илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи шарикии стратегӣ ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ карда, густариши муносибатҳои минбаъдаи байнипарлумониро аз манфиатҳои муштараки ду кишвар  арзёбӣ намуданд.

Владимир Жириновский ба саҳм ва талошҳои президенти Тоҷикистон барои рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия баҳои баланд дод. “Мо нисбат ба Шумо эҳтироми самимӣ дорем ва Шуморо ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадпеша ва бунёдкор эътироф мекунем”, — таъкид дошт Владимир Жириновский.

Дирӯз Жириновский зимни вохӯрӣ бо Раиси МНМО Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки ҳизбаш дар Думаи давлатӣ «барои қабули қонун «Дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия» ташаббус хоҳад кард».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here