Имрӯз бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии занон дар сафорати Фаронса вохӯрии аввалини бонувони журналисти тоҷик бо сафири Фаронса, хонум Ясмин Гуедар баргузор гардид.
Дар вохӯрии гуруҳи бонувони журналист бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар баробарҳуқуқии журналистони марду зан дар Тоҷикистон ва Фаронса муҳокима гардид. Ҳамзамон саҳми имрӯзи бонувони журналист дар журналистикаи тоҷик ва мушкилиҳое, ки бо онҳо дучор мешаванд, баррасӣ карда шуд.
Ҳамчунин, хонум Ясмин Гуедар бонувони журналистро ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки рӯзи 8-уми март дар меҳмонхонаи “Серена” баргузор мегардад, даъват кард.