Дар Эрон аъзои порлумон бо зиндониҳои сиёсие, ки дар ҷараёни эътирозҳои саросари ахири моҳи декабр боздошт шуда буданд, мулоқот мекунанд.

Дар ин бора хабаргузори ISNA рӯзи 21-уми январ хабар дод.  Сухангӯи Кумитаи адлияи порлумони Эрон зикр намуд, ки «дархости мо имрӯз тасдиқ шуд».

Гузориш мегӯяд, ки мулоқот рӯзи 28 январ сурат мегирад ва танҳо теъдоди хурди аъзои кумита бо маҳбусон дар зиндони Евини Теҳрон дидор хоҳанд кард.

Раиси кумитаи адлияи порлумон Оллоҳиёр Маликшоҳӣ ба хабаргузории дигари наздик ба ҳукумати Эрон — ILNA гуфт, ки интизор меравад ҳудуди 10 қонунгузор ҳамчун бахши ин гурӯҳ ба маҳбас роҳ ёбанд.

Аз замони тазоҳуроти охири моҳи декабр, ки Эронро такон дод, бори аввал аст, ки бо зиндониҳо мулоқот анҷом мешавад. Маҳмуд Содиқӣ, намояндаи порлумони Эрон теъдоди боздоштшудаҳо дар саросари кишварро, ки бо норзигӣ аз вазъи иқтисодӣ ва шароити зиндагии худ ба кӯча баромаданд, ҳудуди 3,700 нафар арзёбӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки тазоҳурот рӯзи 28 декабр, бо талабҳои иқтисодӣ оғоз шуд ва даҳҳо шаҳру навоҳии Эронро фаро гирифт, хеле зуд ба талабҳои сиёсӣ гузашт ва баъзе ҷамъомадагон барои сарнагун кардани ҳукумати рӯҳониҳо шиор доданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here