Ташкилоти итолиёвии Чезви, шарики консорсиуми Агроаксияи Олмон, дар доираи фаъолиятҳои худ дар ҳифзи муҳити зист, дар доираи лоиҳаи “Тақвият бахшидани идоракунӣ ва ҳифзи манбаъҳои обӣ ва табиии болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон”, ки Иттиҳоди Аврупо маблағгузори он мебошад, барои таъсис додани системаи ташаккулёфтаи идоракунии партовҳо, бо аҳолии таҳҷоии деҳаҳои ин минтақа ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Системае, ки таъсис дода шудааст ва барои истифода омода аст, дар мавзеи Шоме, дар наздикии деҳаи Шурмашк қарор дошта, он деҳаҳои Пинён, Шурмашк, Пасруд ва Марғузорро бо партовгоҳи ғунҷоишаш 400 метри мукааб, ки барои партовҳои хона пешбинӣ шудааст, мепайвандад. Нигоҳубин ва истифодаи ин система таҳти назорати ҷамоати Фондарё, қарор дорад.

Кормандони Чезви барои аҳолии деҳа оид ба ҷудокунии партовҳо ва компост кардани партовҳои органикӣ дар доираи ҷараёни банақшагирии ташкили системаи мукаммали идоракунии партовҳо, омӯзишҳо гузарониданд. Инчунин ҳангоми назорати сохтмони партовҳо дар ибтидои соли 2020, бо мақсади коҳиш додани бепарвоёна партофтани партовҳои маишӣ дар соҳилҳои дарёҳо ва инчунин коҳиш додани таъсири манфии чунин партовҳо ба саломатии аҳолии маҳаллӣ, масъул буданд.

Аҳолии чор деҳа бо дастгирии ташкилоти Чезви  тасмим гирифтанд, ки дар ҳар деҳа маъракаи тозакунӣ гузаронанд, инчунин кушодашавии партовгоҳ ва умуман истифодаи партовгоҳи мазкурро, оғоз кунанд.

Аҳолӣ партовҳои парешону парокандаро аз деҳаҳо ва соҳили дарёҳо ҷамъ намуданд ва қисман партовҳои хонагии худро ба партовгоҳи ниҳоӣ, интиқол доданд. Тақрибан 3 метри мукааб миқдори партовҳои аз чор деҳаҳо ҷамъ карда шуда, дар қитъаи нави партовгоҳ, андохта шуданд.

Дар ин чорабинӣ ба ғайр аз аҳолии таҳҷоӣ, намояндагон аз ҳукумати ноҳияи Айнӣ – ҷаноби Қаноатов З., ҷаноби Давлатов Ш. аз МНДСЭ ва ҷаноби Содиқов А. аз бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ, инчунин наворбардорон аз телевизиони Тоҷикистон дар водии Зарафшон ва маҷаллаи “Файзи Зарафшон” низ дар маросими ифтитоҳ ва маъракаи тозакунӣ, ширкат варзиданд. Ҷаноби Қаноатов З. барои таъсиси системаи мукаммали идоракунии партовҳо дар водии Пасруд изҳори сипос намуда, ба истифодабарандагони оянда дар бораи муҳимияти ҷудо кардани партовҳо аз манбаъ ба партовгоҳро, ёдовар шуд.

Бо дарназардошти тавсияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар айни замон канораҷӯи  кардан аз ҷамъомадҳои зиёдро талаб мекунад, Чезви аҳолии деҳа ва намояндагони ҷамоати Фондарёро барои баргузор намудани маросими ифтитоҳи партовгоҳ бо тамоми чораҳои зарурӣ, дастгирӣ кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here