Аз аввали моҳи апрел то ин дам мақомоти Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ 16400 нафар шаҳрванди роҳбандмонда ва 207 тобутро ба ватан овардаанд.
Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 27-уми июл, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, 8000 нафар ва 205 ҷасадро аз Русия баргардонидаанд. Вазир гуфт, барои овардани 10623 нафар аз роҳи ҳавоӣ ва 5777 каси дигар аз роҳҳои заминӣ истифода шудааст.
Сироҷиддини Муҳриддин дар бораи интиқоли шаҳрвандони бо қарори судҳо ихроҷшуда, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия нигоҳ дошта мешуданд, маълумот дод.
Ӯ гуфт, аз моҳи апрел то ба имрӯз 680 нафар ихроҷшударо ба ватан баргардонидаанд ва ду рӯзи оянда интиқоли 200 нафари дигар низ дар назар аст.
Бино ба иттилои вазир, сар аз имрӯз, 27-уми июл, теъдоди парвозҳоро ба Русия меафзоянд ва дар як рӯз ду парвози чартерӣ ба Русия анҷом дода хоҳад шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин нагуфт, ки кай парвозҳо ба реҷаи муқаррарии худ бармегарданд. Мавсуф онро ба вазъи эпидемиологии ҷаҳон марбут донист.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта сарвазири Русия Михаил Мишустин эълон кард, ки парвозҳои байналмилалиро дар кишвараш рӯзи шанбеи 1-уми август оғоз хоҳанд кард.