Дар 12 моҳи соли гузашта дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 18 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2016-ум 262 адад зиёд будааст. Сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо бошад, 83,3 дарсадро ташкил додааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз, 8-уми феврал дар нишасти матбуотии вазорат дар ин маврид хабар дода, ҳачунин гуфт, аз ҷумлаи ҷиноятҳои вазнин 108 куштор, 42 роҳзанӣ, 159 ғоратгарӣ, 53 ҳолати таҷовуз ба номус, 1231 авбошӣ, 5311 дуздӣ ва 2667 ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудаанд.

— Дар ин давра мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз масъалаи доғи рӯз ба ҳисоб рафта, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз нашъаҷаллобон 2 тоннаву 700 кг воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира карда шудааст. Аз ҷониби ноболиғон 690 адад ҷиноят (соли 2016 693 адад), аз тарафи ҷавонон бошад, 5290 ҷиноят содир гардидааст, — гуфт вазир.

Гуфта шуд, соли гузашта 1303 ҳодисаи нохуши нақлиятӣ рух додааст, ки 431 нафар ба ҳалокат расида, 1400 кас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар 1508 ҳодисаи сӯхтор 28 нафар фавтидаанд, ки 28 нафарашон ноболиғонанад.

Ҳамчунин вазир дар идома қайд кард, ки соли 2017-ум 17 корманди Вазорати корҳои дохилӣ даст ба коррупсия задаанд. Дар Соли ҷавонон 1500 нафар ҷавон ба сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кор гирифта шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here