Ҷинояткорӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳода, соли 2020 назар ба соли 2019 дар ҷумҳурӣ 1464 ҷиноят бештар ба қайд гирифта шудааст. Тибқи омори пешниҳодкардаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳо дар соли 2019-ум 21 996 ҳодисаро ташкил додааст, вале соли гузашта ин теъдод ба 23 460 адад расидааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро 19-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2020 тавонистанд 83 дарсади ҷиноятҳоро кушоянд.
— Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби вазорат 107 ҷинояти одамкӯшӣ ва сӯиқасд ба он, 135 ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 34 таҷовуз ба номус, 33 роҳзанӣ, 12 ҳолати савдои одамон, 161 ғоратгарӣ, 1325 авбошӣ, 2866 қаллобӣ, 44 ҳолати гардиши ғайриқонунии силоҳ, 6197 дуздӣ, 602 ҷинояти қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ҷиноят бо истифодаи силоҳ 42 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ соли гузашта дар кишвар 566 силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 54 автомат, 65 таппонча, 138 милтиқ ва карабин, 302 аслиҳаи суфтамил ва лавозимоти ҷангии дигар мусодира карда шуд, — гуфт вазири ВКД Раҳимзода.
Гуфта шуд, дар ин давра ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон рӯ ба коҳиш ниҳода, 754 (соли 2019 — 873) адад ба қайд гирифта шудаанд.