Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ним сол 875 ҷинояти хусусияти терроризму ифротгароидоштаро ошкор кардаанд ва 274 аъзои созмонҳои террористиву ифротгароро дар қаламрави кишвар дастгир кардаанд.

Сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД Шодӣ Ҳафиззода рӯзи 3-юми август, дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз ҷумлаи боздоштшудаҳо 203 аъзои созмонҳои террористии «Бародарони мусалмон», 27 нафар узви «Давлати исломӣ», 17 нафар аз «Салафия», 3 нафар аз ҲНИ, 8 увзи «Ҷамоати Ансоруллоҳ», 1 узви Толибон, 4 нафар аз “Гуруҳи 24”, 3 нафар аз “Ал қоида”, 2 нафар узви “Ҳизб ут-таҳрир», 1 нафар аз “Ҳаракати исломии Узбекистон”, 1 нафар узви “Ҷамоати таблиғ” мебошанд.

Ҳафиззода ҳамчунин гуфт, ки “дар натиҷаи корҳои фаҳмонададиҳӣ 92 нафар аз хориҷи кишвар баргардонида шуда, нисбаташон бо моддаҳои гуногуни кодекси ҷиноятӣ ҷазо татбиқ карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here