Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарӣ рӯзи 14 уми феврал вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ-хизматии ниҳодаш гуфт, ки дар соли 2019 дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 996 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Ӯ зикр намуд, ки аз ин ҳисоб 97 ҳолати куштор, роҳзанӣ 29, авбошӣ 1 ҳазору 152, таҷовуз ба номус 46 ҷиноят, қаллобӣ 2 ҳазору 224, ғоратгарӣ 144 ҳолат ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ 3 ҳазору 572 ҳолатро ба қайд гирифтаанд.
— Дар соли 2019 аз аҳолӣ 665 силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст, ки аз ин миқдор 447 силоҳ дар вилояти Бадахшон ошкор гардидааст, — гуфт вазир.
Масъалаи паҳн шудани маводи синтетикиро Раҳимзода проблеммаи сатҳи глобалӣ унвон карда гуфт, ки 17 гурӯҳи муташаккили интиқолдиҳандагони маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ дасгир шуда, зиёда аз 2 ҳазор доруворӣ ошкор карда, мусодира гардидааст.
— Дар ин ҳолатҳо мо наметавонем он кишварҳоро гунаҳкор шуморем, чун амал аз ҷониби гурӯҳҳои ҷинояткор анҷом дода мешавад. Танҳо метавонем чорабиниҳои муштарак бо он кишварҳо дар ин масъала гузаронем, — гуфт ӯ.
— Мавриди воридсозии мошинҳо аз хориҷи кишвар аз ҷониби мақомоти дохилӣ, Агентии гумрук ва дигар ниҳодҳои марбута назорат мешаванд, аммо мутаасифона чандин маротиба масъалаи қочоқи он бардошта шудааст. Мо дар робита ба ин масъала ба Германия созишнома дар механизми баргардонидани нақлиёт тартиб дода, фиристодаем, лекин давоми се сол мешавад, ки аз ҷониби ин кишвар ин созишнома имзо нашудааст, — зикр кард Раҳимзода.
Дар мавриди китобҳои экстремистӣ вазир ҳаминро гуфт, ки дар ягон кишвари дунё номгӯи китобҳоеро, ки манъ карда шудааст, то ҳол надидааст ва дар Тоҷикистон низ чунин аст.
— Лекин сайтҳои интернетӣ дар мо муайян шудааст, ки ҳамонҳоро хондан, чоп кардану паҳн намудан ва пайравӣ кардан манъ аст. Китобҳои хусусияти террористиву экстремистидошта бештар дар хориҷи кишвар нашр мешаванд ва ба кишвар ворид мегарданд. Ин гуна китобҳоро мақомоте, ки салоҳиятдор ҳастанд, эксперт ташкил карда, муайян мекунанд. Дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ дар масҷиду мадрасаҳо ба муллоҳову хатибон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида ва муайян карда шудааст, ки кадом мавридҳо манъ аст гуфт, — Раҳимзода Рамазон.
— Аз ҳисоби авфшудагон аз ҳисоби ҳамонҳое, ки дар соли 2019 тибқи “Қонуни афв” озод шудаанд, аллакай ба бори дуюм, сеюм ва чорум ба ҷиноят даст задаанд. Шумораи авфшудагони соли 2019, ки ба ҷиноят даст задаанд, зиёда аз 200 нафарро ташкил медиҳанд, — иброз намуд вазири корҳои дохила.