Як корбари шабакаи иҷтимоии фейсбук бо исми Амин Садриддинов чанд соат пеш дар саҳифаи худ аксе гузошт, ки боис ба пайдо шудани баҳси гарми корбарон гардид.
Номбурда менависад, як дӯсташ ба ӯ акси банани аз пӯсташ ҷудокардаро равон кардааст, ки дар таркибаш доғи хунмонанд дида мешавад. Ӯ гуфтааст, чунин бананҳо дар мағозаҳои шаҳри Душанбе фурӯхта мешаванд ва таъкид кардааст, ки мардум эҳтиёт шаванд ва аз он харидорӣ накунанд, зеро аз дигар давлатҳо дар таркиби бананҳо вируси масунияти одам (ВИЧ СПИД)-ро ҷой карданд ва онро ба Тоҷикистон ворид мекунанд.
Амин Садриддинов бо гузоштани ин акс дар саҳифааш аз дӯстони фейсбукӣ хостааст, “Ба ҳар ҳол эҳтиёт шуданд лозим. То куҷо ҳақиқат дорад, инаш номаълум”.
Зимнан бо гузоштани акс дар саҳифааш борони таънаву маломат ба сари ин корбари шабака борид. Бархеҳо ӯро ба бесаводӣ мутаҳҳам карданд, ки аз роҳҳои гузариши ВНМО огоҳӣ надорад ва дар миёни ҷомеа иғво меангезад.
Мудири шуъбаи назорати диспансерии Маркази ҷумҳуриявии пешгирии бемориҳои ВНМО Зуҳро Нурляминова дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, иддаои он ки вируси ВНМО метавонад дар меваҷот вуҷуд дошта метавонад, ботил аст.
— Аввалан вируси мазкур танҳо дар вуҷуди одам метавонанд вуҷуд дошта бошад ва берун аз организми инсон имконияти мавҷудияти он бениҳоят кам аст. Хӯроки асосии вирус ҳуҷайраҳои иммунии одамизоданд. Вақте ВНМО ба организми одам ворид мешавад, ҳамин ҳуҷайраҳои иммуниро хӯрда нобуд месозад. Дар он миқдор хуне, ки гӯё дар таркиби банан мавҷуд аст, амалан вирус дар он вуҷуд дошта наметавонад, зеро барои афзоиш ёфтан имконият надорад. Масалан, агар дар як пиёла об бошаду хуни одами сироятшуда ба он афтида бошад, бо нӯшидани об имкони сироятёбӣ ба ВНМО вуҷуд надорад. Барои он ки одам гирифтори ВИЧ шавад, як консентратсияи муайяни хун лозим аст, дар организми одам ҳамроҳ шавад. Бананро аз кишварҳои дурдасти африқоӣ бо тай кардани чандин рӯз тариқи қатораҳо ба Тоҷикистон меоранд. Ҳарорати дохили қаторҳо ҳеҷ гоҳ 70 дараҷа сард нест, ки вирус зинда монаду афзоиш наёбад. Маъмулан дамо 20-25 дараҷа аст. Дар ин ҳолат вирус тамоман зинда намемонад. Гузаштани вирус тариқи меваву сабзавот амри маҳол аст ва ҳеҷ мумкин нест, — гуфт мутахассиси соҳа.