Пас аз он ки сару садо дар мавриди пайдо шудани вируси ВИЧ СПИД дар банан миёни мардум паҳн шудааст, харидорони банан кам гардида, фурӯшандагони он зарар дидаанд.

Олим ном марде, ки дар роҳрави назди маркази савдои “Садбарг” солҳои зиёд ба фурӯши банан машғул аст, мегӯяд, қаблан ҳар рӯз дар ин ҷо панҷ қуттии бананро пурра фурӯхта, аз он фоида медидааст.

— Аз рӯзе, ки дар бораи банан чунин овозаҳо паҳн шуд, як ҳафта гузашт. Он рӯз ҳам ман ба нуқтаи савдоям панҷ қуттии банан овардам, вале то имрӯз онҳоро фурӯхта наметавонам. Ҳамааш сиёҳ шудаанд. Вақте ҳам шуд, ки як донаашро ба 1 сомонӣ фурӯхтам. Дар ҳоле, ки як донаашро мо 2 сомонию 80 дирам мехарем ва 3,3-3,5 сомонӣ мефурӯшем. Аз бори овардаам ман 1000 сомонӣ зарар дидам. Ҳар як қуттиро аз яклухтфурӯшӣ бо 280 сомонӣ харидорӣ мекардам, — гуфт Олим.

Зани савдогари дигар, ки худашро Зайнаб муаррифӣ кард, гуфт, ӯ дар қатори дигар анвои меваҷот банан ҳам мефурӯшад.

— Қаблан ҳар рӯз дар қатори дигар маҳсулот, то бегоҳ як қуттӣ банан мефурӯхтам. Овозаҳо дар хусуси пайдо гардидани вируси ВНМО дар банан бетаъсир намонд. Ҳоло як қуттии банан дар 2-3 рӯз ҳам тамом намешавад. Дар яклӯхтфурӯшон ҳам нархи қуттии банан арзон шудааст. Қаблан агар онро ба 280 сомонӣ мехаридем, ҳоло то 220 сомонӣ арзон шгудааст, — гуфт савдогарзан.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз боз баҳси дар банан пайдо шудани вируси ВИЧ СПИД миёни ҷомеа хеле доғ шудааст. Савдогарон мегӯянд, бархе аз сокинон аз харидории банан истиҳола мекунанд ва бо диданаш рӯяшонро ба дигар тараф мегардонанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, нафароне, ки роҳҳои гузариши вируси ВНМО-ро ба организми одам медонанд, мисли қабл банан харидорӣ мекунанд.

Дар ҳамон ҳол мудири шуъбаи назорати диспансерии Маркази ҷумҳуриявии пешгирии бемориҳои ВНМО Зуҳро Нурляминова ҳам қаблан дар суҳбат ба “Фараж” иддаои дар меваҷот вуҷуд доштани вируси ВНМО-ро рад карда буд.

Номбурда гуфт, вируси мазкур танҳо дар вуҷуди одам метавонанд вуҷуд дошта бошад ва берун аз организми инсон имкони мавҷудияти он бениҳоят кам аст.

— Хӯроки асосии вирус ҳуҷайраҳои иммунии одамизоданд. Вақте ВНМО ба организми одам ворид мешавад, ҳамин ҳуҷайраҳои иммуниро хӯрда нобуд месозад. Дар он миқдор хуне, ки гӯё дар таркиби банан мавҷуд аст, амалан вирус вуҷуд дошта наметавонад, зеро барои афзоиш ёфтан имконият надорад. Масалан, агар дар як пиёла об бошаду хуни одами сироятшуда ба он афтида бошад, бо нӯшидани об имкони сироятёбӣ ба ВНМО вуҷуд надорад. Барои он ки одам гирифтори ВИЧ шавад, як консентратсияи муайяни хун лозим аст, дар организми одам ҳамроҳ шавад. Бананро аз кишварҳои дурдасти африқоӣ бо тай кардани чандин рӯз тариқи қаторҳо ба Тоҷикистон меоранд. Дамои дохили қаторҳо ҳеҷ гоҳ 70 дараҷа сард нест, ки вирус зинда монаду афзоиш наёбад. Маъмулан дамо 20-25 дараҷа аст. Дар ин ҳолат вирус тамоман зинда намемонад. Гузаштани вирус тариқи меваву сабзавот амри маҳол аст ва ҳеҷ мумкин нест, — гуфт мутахассиси соҳа.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here