Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 43 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба хабарномае, ки вазорат нашр кардааст, дар муддати 24 соати охир, 43 ҳодисаи нави гирифторӣ шумораи умумии мубталоёни вируси КОВИД-19-ро  дар Тоҷикистон ба 7538 нафар расонд.

— То санаи 3-юми август дар кишвар 6317 нафар аз коронавирус шифо ёфта, 61 тани дигар фавтидаанд, — қайд гардиааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ дар хитоб ба шаҳрвандони кишвар таъкид кардааст, ки ҷиҳати пешгирӣ аз мубталошавӣ ба вируси КОВИД-19, аз қоидаҳоии беҳдоштӣ истифода кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here